В-андар он зулмати шаб оби ҳаётам доданд.
Бехуд аз шаъшааи партави зотам карданд,
Бода аз ҷоми таҷаллӣ ба сифотам доданд.
Чӣ муборак саҳаре буду чӣ фархунда шабе
Он шаби қадр, ки ин тоза баротам доданд.
Баъд аз ин рӯи ману оинаи васфи ҷамол,
Ки дар он ҷо хабар аз ҷилваи зотам доданд.
Ман агар комраво гаштаму хушдил, чӣ аҷаб?
Мустаҳиқ, будаму инҳо ба закотам доданд.
Ҳотиф он рӯз ба ман муждаи ин давлат дод,
Ки бад-он чавру ҷафо сабру суботам доданд.
Ин ҳама шаҳду шакар, к-аз суханам мерезад,
Аҷри сабрест, к-аз он шохи наботам доданд.
Ҳиммати Ҳофизу анфоси саҳархезон буд,
Ки зи банди ғами айём наҷотам доданд.