Лек аз лутфи лабат сурати ҷон мебастам.
Ишқи ман бо хати мушкини ту имрӯзӣ нест,
Дергоҳест, к-аз ин ҷоми ҳилолӣ мастам.
Аз суботи худам ин нуқта хуш омад, ки ба ҷавр
Дар сари кӯи ту аз пои талаб наншастам.
Офият чашм мадор аз мани майхонанишин,
Ки дам аз хидмати риндон задаам, то ҳастам.
Дар раҳи ишқ аз он сӯи фано сад хатар аст,
То нагӯӣ, ки чу умрам ба сар омад, растам.
Баъд аз инам чӣ ғам аз тири каҷандозӣ ҳасуд,
Чун ба маҳбуби камонабруи худ пайвастам.
Бӯса бар дурҷи ақиқи ту ҳалол аст маро,
Ки ба афсӯсу ҷафо мӯҳри вафо нашкастам.
Санами лашкариям ғорати дил карду бирафт,
Оҳ агар отифати шоҳ нагирад дастам!
Рутбати дониши Ҳофиз ба фалак бар шуда буд,
Кард ғамхории шамшоди баландат пастам.