Диламро Шуд Сари Зулфи Ту Маскан,

Диламро шуд сари зулфи ту маскан,
Бад-ин сонаш фурӯ магзору машкан!
В-агар дил сар кашад чун зулф аз хат,
Ба даст ораш, вале дар по маяфган!
Ба дастам нест чун зулфи ту ваҷҳе.
Ки дар пояш фишонам зар ба доман.
Чу шамъ ар пешам оӣ дар шаби тор,
Шавад чашмам ба дидори ту равшан.
Зи васфи қоматат наншинам озод,
Ҳама тан гар забон бошам чу савсан.
Ба гулзорам чӣ кор акнун, ки гаштаст
Ҷаҳон бар чашмам аз рӯят чу гулшан.
Зи меҳрат гар битобам заррае рӯй,
Чу хуршеде фуруд ояд зи равзан.
Қуҷо бар тунги шаккар даст ёбад,
Гар андешад магас аз бодбезан?
Чу Ҳофиз моҷарои ишқбозӣ,
Намегӯяд касе бар ваҷҳи аҳсан.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *