Ки он шикории саргаштаро чӣ омад пеш?
Чу бед бар сари имони хеш меларзам,
Ки дил ба дасти камонабрӯест кофиркеш.
Хаёли ҳавсалаи баҳр мепазад, ҳайҳот,
Чиҳост дар сари ин қатраи муҳоландеш?
Бинозам он сияҳи шӯхи офияткушро,
Ки мавҷ мезанадаш оби нӯш бар сари неш.
Зи остини табибон ҳазор хун бичакад,
Гарам ба таҷриба дасте ниҳанд бар дили реш.
Ба кӯи майкада гирёну сарфиганда равам,
Чаро, ки шарм ҳамеоядам зи ҳосили хеш.
На умри Хизр бимонад, на мулки Искандар,
Низоъ бар сари дунёи дун макун, дарвеш!
Бад-он камар нарасад дасти ҳар гадо, Ҳофиз,
Хазонае ба каф овар зи ганҷи Корун беш!