Дидӣ, Эй Дил, Ки Ғами Ёр Дигар Бор Чӣ Кард

Дидӣ, эй дил, ки ғами ёр дигар бор чӣ кард
Чун бишуд дилбару бо ёри вафодор чӣ кард?
Оҳ аз он наргиси ҷоду, ки чӣ бозӣ ангехт,
Оҳ аз он маст, ки бо мардуми ҳушёрр чӣ кард?
Ашки ман ранги шафақ ёфт зи бемеҳрии ёр,
Толеи бешафақат бин, ки дар ин кор чӣ кард?
Барқе аз манзили Лайлӣ бидурахшид саҳар,
Ваҳ, ки бо хирмани Маҷнуни дилафгор чӣ кард?
Соқиё, ҷоми маям деҳ, ки нигорандаи ғайб,
Нест маълум, ки дар пардаи асрор чӣ кард?
Он, ки пурнақш зад ин доираи миноӣ,
Кас надонист, ки дар гардиши паргор чӣ кард?
Фикри ишқ оташи ғам дар дили Ҳофиз заду сӯхт,
Ёри дерина бибинед, ки бо ёр чӣ кард?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *