Нишаста пиру салое ба шайху шоб зада.
Сабӯкашон ҳама дар бандагиш баста камар,
Вале зи тарки кулаҳ чатр бар саҳоб зада.
Шуои ҷому қадаҳ нури моҳ пӯшида,
Узори муғбачагон роҳи офтоб зада.
Арӯси бахт дар он ҳаҷла бо ҳазорон ноз
Шикаста касмаву бар барги гул гулоб зада.
Гирифта соғари ишрат фариштаи раҳмат,
Зи ҷуръа бар рухи ҳуру парӣ гулоб зада.
Зи шӯри арбадаи шоҳидони ширинкор
Шакар шикаста, суман рехта, рубоб зада.
Салом кардаму бо ман ба рӯи хандон гуфт,
Ки; «Эй хуморкаши муфлиси шаробзада!
Кӣ ин кунад, ки ту кардӣ ба заъфи ҳиммату рой,
Зи ганҷхона шуда, хайма бар хароб зада?
Висоли давлати бедор, тарсамат, надиҳанд,
Ки хуфтаӣ ту дар оғӯши бахти хобзада.
Фалак ҷанибакаши шоҳ Нусратуддин аст,
Биё, бибин малакаш даст дар рикобзада.
Хирад, ки мулҳими ғайб аст баҳри касби шараф,
Зи боми арш садаш бӯса бар ҷаноб зада.
Биё, ба майкада, Ҳофиз, ки бар ту арза кунам,
Ҳазор саф зи дуоҳои мустаҷоб зада.»