Даро, Ки Дар Дили Хаста Тавон Дарояд Боз,

Даро, ки дар дили хаста тавон дарояд боз,
Биё, ки дар тани мурда равон дарояд боз.
Биё, ки фурқати ту чашми ман чунон дарбаст,
Ки фатҳи боби висолат магар кушояд боз.
Ғаме, ки чун сипаҳи Занг мулки дил бигирифт,
Зи хайли шодии Руми рухат зудояд боз.
Ба пеши оинаи дил ҳар он чӣ медорам,
Ба ҷуз хаёли ҷамолат наменамояд боз.
Бад-он масал, ки шаб обастан аст, рӯз аз ту,
Ситора мешумарам, то ки шаб чӣ зояд боз?
Биё, ки булбули матбуи хотири Ҳофиз,
Ба бӯи гулбуни васли ту месарояд боз!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *