Дарди Ишқе Кашидаам, Ки Мапурс,

Дарди ишқе кашидаам, ки мапурс,
Заҳри ҳаҷре чашидаам, ки мапурс.
Гаштаам дар ҷаҳону охири кор
Дилбаре баргузидаам, ки мапурс.
Он чунон дар ҳавои хоки дараш
Меравад оби дидаам, ки мапурс.
Ман ба гӯши худ аз даҳонаш дӯш
Суханоне шунидаам, ки мапурс.
Сӯи ман лаб чӣ мегазӣ, ки магӯй?
Лаби лаъле газидаам, ки мапурс!
Бе ту дар кулбаи гадоии хеш
Ранҷҳое кашидаам, ки мапурс.
Ҳамчу Ҳофиз ғариб дар раҳи ишқ.
Ба мақоме расидаам, ки мапурс!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *