Дар Хароботи Муғон Гар Гузар Афтад Бозам,

Дар хароботи муғон гар гузар афтад бозам,
Ҳосили хирқаву саҷҷода равон дарбозам.
Ҳалқаи тавба гар имрӯз чу зуҳҳод занам,
Хозини майкада фардо накунад дар бозам.
В-ар чу парвона диҳад даст фароғи боле,
Ҷуз бад-он орази шамъе набувад парвозам.
Сӯҳбати ҳур нахоҳам, ки бувад айни қусур
Ба хаёли ту агар бо дигаре пардозам.
Сирри савдои ту дар сина бимондӣ пинҳон,
Чашми тардоман агар фош накардӣ розам.
Мурғсон аз қафаси хок ҳавоӣ гаштам,
Ба ҳавое, ки магар сайд кунад шаҳбозам.
Ҳамчу чанг ар ба каноре надиҳӣ коми дилам,
Аз лаби хеш чу най як нафасе бинвозам!
Моҷарои дили саргашта нагӯям бо кас,
3-он, ки ҷуз теғи ғамат нест касе дамсозам.
Гар ба ҳар мӯй саре бар тани Ҳофиз бошад,
Ҳамчу зулфат ҳамаро дар қадамат андозам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *