Дар Назарбозии Мо Бехабарон Ҳайронанд.

Дар назарбозии мо бехабарон ҳайронанд.
Ман чунинам, ки намудам, дигар эшон донанд.
Оқилон нуқтаи паргори вуҷуданд, вале
Ишқ донад, ки дар ин доира саргардонанд.
Ҷилвагоҳи рухи ӯ дидаи ман танҳо нест,
Моҳу хуршед ҳамин оина мегардонанд.
Аҳди мо бо лаби шириндаҳанон баст Худо,
Мо ҳама бандаву ин қавм Худовандонанд.
Муфлисонему ҳавои маю мутриб дорем,
Оҳ агар хирқаи пашмин ба гарав настонанд.
Васфи рухсораи хуршед зи хаффош мапурс,
Ки дар ин оина соҳибназарон ҳайронанд.
Лофи ишқу гила аз ёр,— зиҳӣ лофи дурӯғ,
Ишқбозони чунин мустаҳиқи ҳиҷронанд.
Магарам чашми сиёҳи ту биёмӯзад кор,
Варна мастуриву мастӣ ҳама кас натвонанд.
Гар ба нузҳатгаҳи арвоҳ барад бӯи ту бод,
Ақлу ҷон гавҳари ҳастӣ ба нисор афшонанд.
Гар шаванд огаҳ аз андешаи мо муғбачагон,
Баъд аз ин хирқаи сӯфӣ ба гарав настонанд.
Зоҳид ар риндии Ҳофиз накунад фаҳм, чӣ бок?
Дев бигрезад аз он қавм, ки Қуръонхонанд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *