Гуфто Бурун Шудӣ Ба Тамошои Моҳи Нав,

Гуфто Бурун шудӣ ба тамошои моҳи нав,
Аз моҳи абрувони манат шарм бод, рав!
Умрест, то дилат зи асирони зулфи мост,
Ғофил зи ҳифзи ҷониби ёрони худ машав!
Мафрӯш атри ақл ба ҳиндуи зулфи мо,
К-он ҷо ҳазор нофаи мушкин ба ними ҷав!
Тухми вафову меҳр дар ин кӯҳна киштзор,
Он гаҳ аён шавад, ки расад мавсими дарав.
Соқӣ, биёр бода, ки рамзе бигӯямат,
Аз сирри ахтарони куҳансайру моҳи нав.
Шакли ҳилол ҳар сари маҳ медиҳад нишон
Аз афсари Сиёмаку тарки кулоҳи Зав.
Ҳофиз ҷаноби пири муғон маъмани вафост,
Дарси ҳадиси ишқ бар ӯ хону з-у шунав.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *