Дар Вафои Ишқи Ту Машҳури Хубонам Чу Шамъ,

Дар вафои ишқи ту машҳури хубонам чу шамъ,
Шабнишини кӯи сарбозону риндонам чу шамъ.
Рӯзу шаб хобам намеояд ба чашми ғампараст,
Баски дар бемории ҳаҷри ту гирёнам чу шамъ.
Риштаи сабрам ба миқрози ғамат бибрида шуд,
Ҳамчунон дар оташи меҳри ту сӯзонам чу шамъ.
Гар кумайти ашки гулгунам набудӣ гармрав,
Кай шудӣ равшан ба гетӣ рози пинҳонам чу шамъ?
Дар миёни обу оташ ҳамчунон саргарми туст
Ин дили зори низори ашкборонам чу шамъ.
Дар шаби ҳичрон маро парвонаи васле фирист,
Варна аз дардат ҷаҳонеро бисӯзонам чу шамъ.
Бе ҷамоли оламорои ту рӯзам чун шаб аст,
Бо камоли ишқи ту дар айни нуқсонам чу шамъ.
Кӯҳи сабрам нарм шуд чун мум дар дасти ғамат,
То дар обу оташи ишқат гудозонам чу шамъ.
Ҳамчу субҳам як нафас боқист бе дидори ту,
Чеҳра бинмо, дилрабо, то ҷон барафшонам чу шамъ.
Сарфарозам кун шабе аз васли худ, эй нозанин,
То мунаввар гардад аз дидорат айвонам чу шамъ.
Оташи меҳри туро Ҳофиз, аҷаб дар сар гирифт,
Оташи дил кай ба оби дида биншонам чу шамъ?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *