Гарчи Бар Воизи Шаҳр Ин Сухан Осон Нашавад,

Гарчи бар воизи шаҳр ин сухан осон нашавад,
То риё варзаду солус, мусулмон нашавад.
Риндӣ омӯзу карам кун, ки на чандон ҳунар аст,
Ҳаявоне, ки нанӯшад маю инсон нашавад.
Гавҳари пок бибояд, ки шавад қобили файз,
Варна ҳар сангу гиле лӯълӯву марҷон нашавад.
Исми аъзам бикунад кори худ, эй дил, хуш бош
Ки ба талбису ҳиял дев Сулаймон нашавад.
Ишқ меварзаму уммед, ки ин фанни шариф,
Чун ҳунарҳои дигар мӯҷиби хирмон нашавад.
Дӯш мегуфт, ки фардо бидиҳам коми дилат,
Сабабе соз, Худоё, ки пушаймон нашавад.
Ҳусни хулқе зи Худо металабам хӯи туро,
То дигар хотири мо аз ту парешон нашавад.
Зарраро то набувад ҳиммати олӣ, Ҳофиз,
Толиби чашмаи хуршеди дурахшон нашавад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *