Гарам Қабул Кунӣ В-Ар Биронӣ Аз Дари Хеш,

Гарам қабул кунӣ в-ар биронӣ аз дари хеш,
Нагардам аз ту ҷудо в-ар фидо кунам сари хеш.
Ба ишқи рӯи ту гуфтам, ки ҷон барафшонам,
Дигар ба шарм дарафтодам аз муҳаққари хеш.
Ту донӣ, ар бинавозӣ вагар биранҷонӣ,
Чунон, ки дар дилат ояд, ба рои анвари хеш.
Маро насиҳати бегона манфиат накунад,
Чу розиям, ки ҷафо бинам аз ситамгари хеш.
Агар баробари хешам ба ҳукм бигзорӣ,
Хаёли рӯи ту нагзорам аз баробари хеш.
Ҳадиси сабри ман аз рӯи ту ҳамон масал аст,
Ки сабри тифл ба шир аз канори модари хеш.
Назар ба ҷониби мо кун, ки миннат асту савоб,
Ки ҳеҷ халқ набинӣ ба ҳусни манзари хеш.
Чӣ бар сар омадам аз шавқ, ғолибо, донӣ,
Ҳамон, ки мӯрчаро бар сар омад аз пари хеш.
Ту сар ба сӯҳбати Ҳофиз дароварӣ, ҳайҳот,
Зиҳӣ хаёл, ки ман кардаам мусаввари хеш!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *