Гар Даст Расад Бар Сари Зулфайни Ту Бозам,

Гар даст расад бар сари зулфайни ту бозам,
Чун гӯй чӣ сарҳо, ки ба чавгони ту бозам.
Зулфи ту маро умри дароз аст, вале нест
Дар даст сари мӯе аз он умри дарозам.
Парвонаи роҳат бидеҳ, эй шамъ, ки имшаб
Аз оташи дил пеши ту чун мум гудозам.
Он дам, ки ба як ханда диҳам ҷон чу суроҳӣ,
Мастони ту хоҳам, ки гузоранд намозам.
Чун нест вуҷуди мани олуда намозӣ,
Дар майкада з-он кам нашавад сӯзу гудозам.
Дар масҷиду майхона хаёлат агар ояд,
Меҳроб камонхонаи абрӯи ту созам.
Гар хилвати моро шабе аз рух бифурӯзӣ,
Чун субҳ бар офоқи ҷаҳон сар бифарозам.
Маҳмуд бувад оқибати кор дар ин роҳ
Гар сар биравад дар сари савдои Аёзам.
Ҳофиз, ғами дил бо кӣ бигӯям, ки дар ин давр
Чуз ҷом нашояд, ки бувад маҳрами розам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *