Бӯи Мушки Хутан Аз Боди Сабо Меояд,

Бӯи мушки Хутан аз боди сабо меояд,
Ин чӣ бодест, к-аз ӯ бӯи шумо меояд?
Медиҳад мужда ба Яъқубн ҳазин аз Юсуф,
Ё навиде зи Сулаймон ба Сабо меояд.
Накҳати мушки Хутан медамад аз ҷайби насим,
Корвоне магар аз мулки Хито меояд?
Барнадорам дил аз ӯ, то наравад ҷон зи танам,
Гӯш кун, к-аз суханам бӯи вафо меояд.
Пеши тири ғамаш, эй дил, сипар аз сина масоз,
Дида барбанд, ки пайкон зи ҳаво меояд.
Ишқи ҷонсӯзи ту пайваста маро мепурсад,
Подшоҳест, ки ёдаш зи гадо меояд.
Баски аз ашки манат пой фурӯ рафта ба гил,
Мардуми чашми маро аз ту ҳаё меояд,
Ҳофиз, аз бода мапарҳез, ки гул боз ба боғ,
Аз паи айш ба сад баргу наво меояд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *