Болобаланди Ишвагари Нақшбози Ман,

Болобаланди ишвагари нақшбози ман,
Кӯтоҳ кард қиссаи зӯҳди дарози ман.
Дидӣ, дило, ки охири пириву зӯҳду илм,
Бо ман чӣ кард дидаи маъшуқабози ман.
Метарсам аз харобии имон, ки мебарад
Меҳроби абруи ту ҳузури намози ман.
Гуфтам ба далқи зарқ бипӯшам нишони ишқ,
Ғаммоз буд ашку аён кард рози ман.
Маст аст ёру ёди ҳарифон намекунад,
Зикраш ба хайр, соқии мискиннавози ман.
Ё раб, кай он сабо бивазад, к-аз насими он
Гардад шамомаи карамаш корсози ман.
Нақше бар об мезанам аз гиря ҳолиё,
То кай шавад қарини ҳақиқат маҷози ман
Бар худ чу шамъ хандазанон гиря мекунам,
То бо ту, сангдил чӣ кунад сӯзу сози ман!
Зоҳид, чу аз намози ту коре намеравад,
Ҳам мастии шабонаву розу ниёзи ман
Ҳофиз зи гиря сӯхт, бигӯ, ҳолаш, эй сабо,
Бо шохи дӯстпарвару душмангудози ман.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *