Баъд Аз Ин Дасти Ману Домани Он Сарви Баланд,

Баъд аз ин дасти ману домани он сарви баланд,
Ки ба болои чаман аз буну бехам барқанд.
Ҳоҷати мутрибу май нест, ту бурқаъ бикушо,
Ки ба рақс оварадам оташи рӯят чу сипанд.
Ҳеҷ рӯе нашавад оинаи ҳаҷлаи бахт,
Магар он рӯй, ки моланд бар он сумми саманд,
Гуфтам: «Асрори ғамат ҳар чӣ бувад, гӯ: мебош!,
Сабр аз ин беш надорам чӣ кунам то каю чанд?»
Макуш он оҳуи мушкини маро, эй сайёд,
Шарм аз он чашми сияҳ дору мабандаш ба каман.
Мани хокӣ, ки аз ин дар натавонам бархост,
Аз куҷо бӯса занам бар лаби он қасри баланд,
Бозмастон дил аз он гесуи мушкин, Ҳофиз
3-он, ки девона ҳамон беҳ, ки бувад андар банд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *