Ба шодии рухи гул бехи ғам зи дил баркан.
Расид боди сабо, ғунча дар ҳаводорӣ
Зи худ бурун шуду бар худ дарид пироҳан.
Тариқи сидқ биёмӯз аз оби софии дил,
Ба ростӣ талаб озодагӣ зи сарви чаман.
Зи дастбурди сабо гирди гул кулола нигар,
Шиканҷи гесуи сунбул бибин ба рӯи суман.
Арӯси ғунча расид аз ҳарам ба толеъи саъд,
Ба инаи дилу дин мебарад ба ваҷҳи ҳасан.
Сафири булбули шӯридаву нафири ҳазор
Барои васли гул ояд бурун зи байти ҳазан.
Ҳадиси сӯҳбати хубону ҷоми бода бигӯ
Ба қавли Хофизу фатвои пири соҳибфан.