Ба Ҷони Пири Хароботу Ҳаққи Сӯҳбати Ӯ,

Ба ҷони пири хароботу ҳаққи сӯҳбати ӯ,
Ки нест дар сари ман ҷуз ҳавои хидмати ӯ.
Биҳишт агарчи на ҷои гуноҳгорон аст,
Биёр бода, ки мустазҳирам ба ҳиммати ӯ.
Чароғи соиқаи он саҳоб равшан бод,
Ки зад ба хирмани мо оташи муҳаббати ӯ.
Бар остонаи майхона гар саре бинӣ,
Мазан ба пой, ки маълум нест нийяти ӯ.
Биё, ки дӯш ба мастӣ сурӯши олами ғайб
Навид дод, ки ом аст файзи раҳмати ӯ.
Макун ба чашми ҳақорат нигоҳ дар мани маст,
Ки нест маъсияту зӯҳд бе машийяти ӯ.
Намекунад дили ман майли зӯҳду тавба, вале
Ба номи хоҷа бикӯшему фарри давлати ӯ.
Мудом хирқаи Ҳофиз ба бода дар гарав аст,
Магар зи хоки харобот буд тинати ӯ?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *