Ба Мижгони Сияҳ Кардӣ Ҳазорон Рахна Дар Динам,

Ба мижгони сияҳ кардӣ ҳазорон рахна дар динам,
Биё, к-аз чашми беморат ҳазорон дард барчинам.
Ало, эй ҳамнишини дил ки ёронат бирафт аз ёд,
Маро рӯзе мабод он дам, ки бе ёди ту биншинам.
Ҷаҳон пир асту бебунёд, аз ин Фарҳодкуш фарёд,
Ки кард афсуну найрангаш, малул аз ҷони ширинам.
Зи тоби оташи дурӣ шудам ғарқи арақ чун гул,
Биёр, эй боди шабгире насиме з-он арақчинам.
Ҷаҳони фониву боқӣ, фидои шоҳиду соқӣ,
Ки султонии оламро туфайли ишқ мебинам.
Агар бар ҷои ман ғайре гузинад дӯст, ҳоким ӯст,
Ҳаромам бод, агар ман ҷон ба ҷои дӯст бигзинам!
Сабоҳ-ул-хайр зад булбул, куҷой, соқиё, бархез,
Ки ғавғо мекунад дар сар хаёли хоби дӯшинам.
Шаби реҳлат ҳам аз бистар равам дар қасри ҳур-ул-ин,
Агар дар вақти ҷон додан ту бошӣ шамъи болинам.
Ҳадиси орзумандӣ, ки дар ин нома сабт афтод,
Ҳамоно беғалат бошад, ки Ҳофиз дод талқинам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *