Ба Оби Равшани Май Орифе Таҳорат Кард,

Ба оби равшани май орифе таҳорат кард,
Алассабоҳ, ки майхонаро зиёрат кард.
Ҳамин, ки соғари заррини хур ниҳон гардид,
Ҳилоли ид ба даври қадаҳ ишорат кард.
Хушо намозу ниёзи касе, ки аз сари дард
Ба оби дидаву хуни ҷигар таҳорат кард.
Имоми хоҷа ки будаш сари намози дароз,
Ба хуни духтари раз хирқаро қасорат кард.
Дилам зи ҳалқаи зулфаш ба ҷон харид ошӯб,
Чӣ суд дид, надонам, ки ин тиҷорат кард?
Агар имоми ҷамоат талаб кунад имрӯз,
Хабар диҳед, ки Ҳофиз ба май таҳорат кард.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *