Бикуш ба ғамза, ки инаш сазои хештан аст.
Гарат зи даст барояд муроди хотири мо,
Ба даст бош, ки хайре ба ҷои хештан аст.
Ба ҷонат, эй бути шириндаҳан, ки ҳамчун шамъ
Шабони тира муродам фанои хештан аст.
Чу рои ишқ задӣ, бо ту гуфтам, эй булбул,
Макун, ки он гули хандон барои хештан аст.
Ба мушки Чину Чигил нест бӯи гул мӯҳтоҷ,
Ки нофаҳош зи банди қабои хештан аст.
Марав ба хонаи арбоби бемуруввати даҳр
Ки ганҷи офиятат дар сарои хештан аст.
Бисӯхт Ҳофизу дар шарти ишқбозӣ ӯ
Ҳанӯз бар сари аҳду вафои хештан аст.