Ки ҷӯши шоҳиду соқиву шамъу машъала буд.
Ҳадиси ишқ, ки аз ҳарфу савт мустағнист,
Ба нолаи дафу най дар хурӯшу валвала буд.
Мубоҳисе, ки дар он маҷлиси чунун мерафт,
Варои мадрасаву қолу Кили масъала буд.
Дил аз карашмаи соқӣ ба шукр буд, вале
Зи номусоидии бахташ андаке гила буд.
Қиёс кардаму он чашми ҷодувонаи маст
Ҳазор соҳири чун Сомиреш дар гала буд.
Бигуфтамаш: «Ба лабам бӯсае ҳаволат кун».
Ба ханда гуфт: «Каят бо ман ин муомила буд?»
Зи ахтарам назаре саъд дар раҳ аст, ки дӯш:
Миёни моҳу рухи ёри ман муқобила буд.
Даҳони ёр, ки дармони дарди Ҳофиз дошт,
Фиғон, ки вақти мурувват чӣ тангҳавсала буд.