Ба Даври Лола Қадаҳ Гиру Бериё Мебош!

Ба даври лола қадаҳ гиру бериё мебош!
Ба бӯи гул нафасе ҳамдами сабо мебош!
Нагӯямат, ки ҳамасола майпарастӣ кун,
Се моҳ май хӯру нӯҳ моҳ порсо мебош!
Чу пири солики ишқат ба май ҳавола кунад,
Бинӯшу мунтазири раҳмати худо мебош!
Гарат ҳавост, ки чун Ҷам ба сирри ғайб расӣ,
Биёву ҳамдами чоми ҷаҳоннамо мебош!
Чу ғунча гарчи фурӯбастагист кори чаҳон,
Ту ҳамчу боди баҳорӣ гиреҳкушо мебош!
Вафо маҷӯй зи кас, в-ар сухан намешунавӣ,
Ба ҳарза толиби симурғу кимиё мебош!
Муриди тоати бегонагон машав, Ҳофиз,
Вале муошири риндони порсо мабош!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *