Биё, бигӯ, ки зи ишқат чӣ тарф барбастам?
Агарчи хирмани умрам ғами ту дод ба бод,
Ба хоки пои азизат, ки аҳд нашкастам.
Чу зарра гарчи ҳақирам, бибин ба давлати ишқ.
Ки дар ҳавои рухат чун ба меҳр пайвастам.
Биёр бода, ки умрест, то ман аз сари амн,
Ба кунҷи офият аз баҳри айш наншастам.
Агар зи мардуми ҳушёрӣ, эй насиҳатгӯй,
Сухан ба хок маяфган, чаро, ки ман мастам.
Чӣ гуна сар зи хиҷолат бароварам бари дӯст,
Ки хидмате ба сазо барнаёмад аз дастам.
Бисӯхт Ҳофизу он ёри дилнавоз нагуфт,
Ки марҳаме бифиристам, чу хотираш хастам.