Аҳмади Шайх Увайси Ҳасани Элхонӣ.
Хони бин хону шаҳаншоҳи шаҳаншоҳнажод,
Он, ки мезебад, агар ҷони чаҳонаш хонӣ.
Дида нодида ба иқболи ту имон овард,
Марҳабо, эй ба чунин лутфи худо арзонӣ!
Маҳ агар бе ту барояд ба ду нимаш бизананд
Давлати Аҳмадиву мӯъҷизаи субҳонӣ.
Ҷилваи бахти ту дил мебарад аз шоҳу гадо,
Чашми бад дур, ки ҳам ҷониву ҳам ҷононӣ.
Баршикан кокули туркона, ки дар толеи туст
Бахшишу кӯшиши Хоқониву Чингизхонӣ.
Гарчи дурем, ба ёди ту қадаҳ мегирем,
Бӯъди манзил набувад дар сафари рӯҳонӣ.
Аз гили порсиям ғунчаи айше нашукуфт,
Ҳаббазо Даҷлаи Бағдоду маи райҳонӣ.
Сари ошиқ ки на хоки дари маъшуқ бувад,
Кай халосаш бувад аз меҳнати саргардонӣ?
Эй насими саҳарӣ, хоки дари ёр биёр,
Ки кунад Ҳофиз аз ӯ дидаи дил нуронӣ.