Фидои хоки дари дӯст бод ҷони гиромӣ!
Паёми дӯст шунидан саодат асту саломат,
Мани-л-мубаллеғу аннӣ ало суода саломӣ.
Биё ба шоми ғарибону оби дидаи ман бин,
Ба сони бодаи софӣ дар обгинаи Шомӣ.
Изо тағаррада ан зӣ-л-ароки тоиру хайрин,
Фа ло тафаррада ан равзиҳо анину ҳамомӣ.
Басе намонд, ки рӯзи фироқи ёр сар ояд,
Раайту мин ҳазабот-ил-ҳимо қибоба хиёмӣ.
Хушо даме, ки дароиву гӯямат ба саломат:
Қадимта хайра қудумин, назалта хайра мақомӣ.
Баидту минка ва қад сирту зоибан каҳилолин,
Агарчи рӯи чу моҳат надидаам ба тамомӣ.
Ва ин дуийту би хулдин ва сирту ноқиза аҳдин,
Фа мо татайяба нафсӣ ва мастатоба маномӣ.
Умед ҳаст, ки зудат ба бахти нек бибинам,
Ту шод гашта ба фармондиҳиву ман ба ғуломӣ.
Чу силки дурри хушоб аст назми хуби ту, Ҳофиз,
Ки гоҳи лутф сабақ мебарад зи назми Низомӣ.