Аз Дида Хуни Дил Ҳама Бар Рӯи Мо Равад,

Аз дида хуни дил ҳама бар рӯи мо равад,
Бар рӯи мо зи дида, чӣ гӯям, чиҳо равад?
Мо дар даруни сина ҳавое нуҳуфтаем,
Бар бод агар равад дили мо, з-он ҳаво равад,
Хуршеди ховарӣ кунад аз рашк ҷома чок,
Гар моҳи меҳрпарвари ман дар қабо равад.
Бар хоки роҳи ёр ниҳодем рӯи хеш,
Бар рӯи мо равост, агар ошно равад.
Сел аст оби дидаву ҳар кас, ки бигзарад,
Гар худ дилаш зи санг бувад, ҳам зи ҷо равад.
Моро ба оби дида шабу рӯз моҷарост,
3-он раҳгузар, ки бар сари кӯяш чаро равад?
Ҳофиз ба кӯи майкада доим ба сидқи дил,
Чун сӯфиёни савмаадор аз Сафо равад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *