Агарчи Бода Фараҳбахшу Бод Гулбез Аст,

Агарчи бода фараҳбахшу бод гулбез аст,
Ба бонги чанг махӯр май, ки мӯҳтасиб тез аст
Суроҳиеву ҳарифе гарат ба чанг афтад,
Ба ақл нӯш, ки айём фитнаангез аст.
Дар остини мураққаъ пиёла пинҳон кун,
Ки ҳамчу чашми суроҳӣ замона хунрез аст.
Ба оби дида бишӯем хирқаҳо аз май,
Ки мавсими вараъу рӯзгори парҳез аст.
Маҷӯй айши хуш аз даври вожгуни сипеҳр,
Ки софи ин сари хум ҷумла дурдомез аст.
Сипеҳри баршуда парвезанест хунафшон,
Ки резааш сари Кисрову тоҷи Парвез аст.
Ироқу Форс гирифтӣ ба шеъри хуш, Ҳофиз,
Биё, ки навбати Бағдоду вақти Табрез аст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *