В-агар ба қаҳр биронӣ, даруни мо соф аст.
Ба нома васфи ту гуфтан на ҳадди имкон аст,
Чаро, ки васфи ту берун зи ҳадди авсоф аст.
Ба чашми ишқ тавон дид рӯи шоҳиди мо,
Ки нури дидаи ошиқ зи Қоф то Қоф аст.
Зи мусҳафи рухи дилдор ояте бархон,
Ки он баёни мақомоти кашфи «Кашшоф» аст,
Чу сарв саркашӣ, эй ёри сангдил, бо мо,
Чӣ чашмҳост, ки бар рӯи ту зи атроф аст!
Адӯ, ки мантиқи Ҳофиз тамаъ кунад дар шеър,
Ҳамон ҳадиси ҳумову тариқи ҳаттоф аст.