Расад ба давлати васли ту кори ман ба усул.
Қарор бурда зи ман он ду наргиси раъно,
Фароғ бурда зи ман он ду ҷодуи макҳул.
Чу бар дари ту мани бенавои безару зӯр,
Ба ҳеҷ боб надорам раҳи хуруҷу духул.
Қуҷо равам, чӣ кунам, чора аз куҷо ҷӯям,
Ки гаштаам зи ғаму ҷаври рӯзгор малул?
Мани шикастаи бадҳол зиндагӣ ёбам,
Дар он замон, ки ба теғи ғамат шавам мақтул.
Харобтар зи дили ман ғами ту ҷой наёфт,
Ки сохт дар дили тангам қароргоҳи нузул.
Дил аз ҷавоҳири меҳрат чу сайқале дорад,
Бувад зи занги ҳаводис ҳар оина масқул,
Чӣ ҷурм кардаам, эй ҷону дил, ба ҳазрати ту,
Ки тоати мани бедил намешавад мақбул?
Ба дарди ишқ бисозу хамӯш кун, Ҳофиз,
Румузи ишқ макун фош пеши аҳли уқул.