Ваҷҳи май мехоҳаму мутриб, кӣ мегӯяд расид?
Шоҳидон дар ҷилваву ман шармсори кисаам,
Бори ишқу муфлисӣ саъб асту мебояд кашид.
Қаҳти ҷуд аст, обрӯи худ намебояд фурӯхт,
Бодаву гул аз баҳои хирқа мебояд харид.
Гӯиё хоҳад кушуд аз давлатам коре, ки дӯш
Ман ҳамекардам дуову субҳи содиқ медамид.
Бо лабеву сад ҳазорон ханда омад гул ба боғ
Аз кариме гӯиё дар гӯшае бӯе шунид.
Домане гар чок шуд дар олами риндӣ, чӣ бок?
Ҷомае дар некномӣ низ мебояд дарид.
Ин латоиф, к-аз лаби лаъли ту ман гуфтам кӣ гуфт?
В-ин татовул, к-аз сари зулфи ту ман дидам, кӣ дид?
Адли султон гар напурсад ҳоли мазлумони ишқ,
Гӯшагиронро аз осоиш тамаъ бояд бурид.
Тири ошиқкуш, надонам, бар дили Ҳофиз кӣ зад?
Ин қадар донам, ки аз шеъри тараш хун мечакид.