3-Он Маи Ишқ, К-Аз Ӯ Пухта Шавад Ҳар Хоме,

3-он маи ишқ, к-аз ӯ пухта шавад ҳар хоме,
Гарчи моҳи рамазон аст, биёвар ҷоме!
Рӯзҳо рафт, ки дасти мани мискин нагирифт,
Зулфи шамшодқаде соиди симандоме.
Рӯза ҳарчанд, ки меҳмони азиз, аст, эй дил,
Сӯҳбаташ мавҳибате дону шудан инъоме.
Мурғи зирак ба дари хонақаҳ акнун напарад,
Ки ниҳод аст ба ҳар маҷлиси ваъзе доме.
Гила аз зоҳиди бадхӯ накунам, расм ин аст,
Ки чу субҳе бидамад, дар паяш афтад шоме.
Ёри ман чун бихиромад ба тамошои чаман,
Бирасонаш зи ман, эй пайки сабо, пайғоме!
Он ҳарифе, ки шабу рӯз маи соф кашад,
Бувад оё, ки кунад ёд зи дурдошоме?
Ҳофизо, гар надиҳад доди дилат Осафи аҳд,
Ком душвор ба даст оварӣ аз худкоме.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *