ДАР ХУНЗАХ – Лоик Шерали

ДАР ХУНЗАХ

Вориси Хайёму Хайёми авар,
Яъне ду фарзона – Мирзою Расул
Рақс мекарданд дар каф шохҷом.
Ҷомҳо пурбода буданд.
Одамон хушнуд аз дидори Турсунзода буданд.

Дар миёни қуллаҳои сарсафед
Гӯиё ду қуллаи дигар ба гардун сар кашид –
Он яке Мирзо ба сони қуллаи Боми Ҷаҳон,
Дигаре Ғамзат Расул – он шоири ҷодубаён.

Табла мезад соҳире,
Сурна мезад бо фусун хунёгаре.
Ҷомҳоро ҳар ду риндона баланд афрохтанд,
Гӯӣ бо хуршед “ҷанг” андохтанд…

Рақс мекарданд мавзуну муназзам,
Қуллаҳо ҳам рақс мекарданд он дам.
Рақс мекарданд бо ҳам шӯху печон
Ё ду қулла – қуллаи Помиру Қафқоз,
Ё ду қулла – қуллаи назми замон…

[1981]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *