БУНЁДГОҲИ КОХИ НУР – Лоик Шерали

БУНЁДГОҲИ КОХИ НУР

Дар тангнои кӯҳ,
Дар ҳавзае, ки мешавад бунёд Кохи нур,
Ғавғои маҳшар аст.
Ин ҷо на савти хонише, на саҳни ромише,
Дунёи дигар аст.

Чангу ғубору таркишу чак-чоки путкҳо,
Фарёди кӯҳафкани “Белаз”-баҳодур аст.
Бунёдгоҳи Кохи нур он сон тапишгаҳест,
То ҳар буни сутуни он аз достон пур аст.

Кафшергар, ки аз нигаҳаш барқ меҷаҳад,
Пайвандгори оташу барқ аст бегумон.
Таркибҳои Кох мураккаб шавад аз ӯ,
Пайвандҳо шаванд бақодор ҷовидон.

Як сӯ тунелҳо
К-омодаанд Вахшро яксар фурӯ баранд,
Фардо паёми нурро чун муждаи саҳар
Қад-қадди сим ба манзили ҳар нурҷӯ баранд.

Вахши ситезахӯ ба ҳама шӯроварӣ
Ҷорист пурсалобату пурфахру пурғурур.
Чун марди ҷангӣ ташнаи пайкори навбатӣ,
Чун марди роҳ озими бас роҳҳои дур.

Ҳар коргар ба сурати як бурҷи Кохи нур,
Ҳар чашм бемуболиға ҳурест бас қадир.
Дар чеҳраҳо талиаи имону эътиқод,
Дар бозувон матонату неруи беназир,

Бо азми ҷазм рӯзу шабон кор мекунанд
Аз санг нанг ҷуставу аз об обрӯ.
Созанд то ба ёдгор аз хок Кохи нур
Ҷанганд бо табиати мағрур рӯ ба рӯ.

Як рӯз то ба сурати нуру чароғи барқ
Бар хонаҳои одамон бебок по ниҳанд.
Дар базмҳои дӯстӣ нуру сафо шаванд,
Дар ҷашну сури ошиқон нав-нав ҷило диҳанд;

Бар ёдгори он ҳама чашме, ки нур ҷуст,
Аммо умеди нурро бар гӯри тира бурд,
Бар ёдгори он ҳама азме, ки бенишон
Дар кулбаҳои лоии беравшаноӣ мурд,

Ҳар як чароғ барқ фурӯзад ба сақфҳо,
Чун чашмҳои равшани ҳар хонадон шавад.
Вахши шукӯҳманд
Гардад раҳо зи банди кӯҳ, озоду бовиқор
Машъал ба даст ходими давру замон шавад.

[1971]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *