Бо дили ман маст шав, ҳушёр шав.
Чанд субҳ аз рахти атрогини хеш
Бо садои оҳи ман бедор шав.
Дар фарози абрҳои нуқрафом
Пар кушою бо дилам парвоз кун.
Гар дили шӯхи маро гум кардаӣ,
Дар фазои бекарон овоз кун.
Шомгоҳон дар ғуруби абрсӯз
Ёд кун аз сӯхтанҳои дилам.
Субҳгоҳон дар тулӯи хандарез
Ёд кун афрӯхтанҳои дилам.
Ҳарчи оташ дорӣ, афрӯзаш баланд,
Ки маро бо ту ҳисобе мондааст,
К-аз ману аз умри нуронии ман
Чанд рӯзи офтобӣ мондааст.
Баъд… баъди рӯзгори ишқу шеър
Ҷамъ кун бо дасти худ девони ман,
Пас парешон кун варақҳои варо
Дар фазои умри ҷовидони ман…
[1979]