Рӯзҳои хушнафас бигзаштаанд.
Лек дар лавҳи дили мо ёдгор
Сураҳои ошиқӣ бинвиштаанд.
Рӯзҳои некпай бигзаштаанд
Рӯзҳои некёду некфол.
Он яке саршор аз дидори ту
Дигаре саршор аз ёду хаёл.
Он яке ошуфта мисли рӯҳи ман
Дигаре монанди ту дамсози дил.
Он яке бигзашт андар баҳси ишқ,
Дигаре дар лаззати парвози дил.
Он яке сар монд дар зонуи ту
Дигаре бо ту, вале бе ту гузашт
Он яке бо дарди дил дар сина монд
Дигаре бедард аз паҳлу гузашт.
Он яке бо ларзаҳои дил бимонд,
Дигаре аз сар чунон ҳушам бирафт,
Он яке омад ба оғӯшам чу ту,
Дигаре чун ту зи оғӯшам бирафт.
Он ҳама рӯзе, ки саршор аз ту буд,
Ёд орам, хотирам гул мекунад.
Тирамоҳи рафтаро ёд оварам
Сафҳаҳои дафтарам гул мекунад.
Рӯзҳо рафтанд аз даргоҳи умр
Лек ёди атромезат нарафт.
Шуд варақгардон китоби рӯзу шаб
Байтҳои меҳрангезат нарафт.
Ҳар чӣ буд, аз мо буду ёдаш бахайр,
Ки маро бо ту, туро бо ман расонд.
Ҳар чӣ буд, ҳар рӯзи хушсавдои ман
Бо ту буду бо ту рафту бо ту монд…
[1979]