Ҳар гаҳ аз раҳ гузарӣ, медонам, – Лоик Шерали

Ҳар гаҳ аз раҳ гузарӣ, медонам,
Ки зи роҳи дили ман мегузарӣ.
Аз тапишҳои дилат мехонам,
Ки зи роҳи дили ман мегузарӣ.

Ҳар гаҳ ошуфтатар аз ман бошӣ,
Дасту по баста, кунӣ исёнҳо,
Бо лаби баставу чашмони фарох
Хонӣ лаънат ба ҳама ҳиҷронҳо.

Дилат он гӯшаи бекас хоҳад,
Ки ту фарёд занӣ сӯи само:
Ҳон, дили гумшудаи ман чун аст?
Ҳон, ман аз умр чӣ мехостамо?

Боз дар хилвати андешаи хеш,
Бандӣ уммед ба фардои дигар
Толиби нашъаи нодидаи ишқ,
Ташнаи файзи таманнои дигар.

Ҳар гаҳе сӯи ман оӣ, бинам:
Дили ошуфтаи ман меояд.
Ҳар гаҳе сӯи ман оӣ, гӯям:
Шеъри ногуфтаи ман меояд…

[1988]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *