Одамон девона мепиндоштанд.
Мардуми чашмат пур аз дидори ёр,
Ту намедидӣ, ки одамҳостанд.
Андар он як лаҳзаи эҳдои бахт
Мисли ту хушбахт дар олам набуд.
Мисли ту хандонлабу болидаҷон
Ё агар ҳам буд, дар он дам набуд.
Аз чӣ механдидӣ? Одамҳои роҳ
Ҷумла ҳайрон мегузаштанд аз барат.
Баъзе аз рафтори ту лаб мегазид,
Баъзе механдид аз пушти сарат.
Мегузаштӣ аз миёни издиҳом,
Пеши чашмат як нигаҳ, як ханда буд.
Як нигаҳ, як хандае, ки ногаҳон
Дар дилу ҷонат шарор афканда буд.
Мегузаштӣ аз миёни шаҳриён
Рустойидухтари навомада.
Масти бахшишҳои ширини умед,
Масти сӯзишҳои аз дил рухзада.
Мегузаштиву касе огаҳ набуд,
Ки ту бӯе бурдаӣ аз рози ишқ.
Ҳам ту худ огаҳ набудӣ, к-он нафас
Шӯр мезад дар дилат оғози ишқ…
[1986]