То аз буни ҳар санг гули номи ту рӯяд.
Хоҳам бикашам тарҳи туро дар варақи санг
То ҳар варақи санг паёме зи ту гӯяд.
Хоҳам, ки ба каф гираму тифлона бибӯям
Чун кокули ту кокули ин шаршараҳоро.
Аз ҳар чӣ гузаштаст ба ёди ту зи қисмат
Пурсам ҳама пайроҳаи кӯҳу дараҳоро.
Хоҳам ба лаби рӯди равон ояму пурсам –
Бахти мани густох чаро лаб назад, эй рӯд?
Он ёр гузашт аз бари ту гул ба сари гӯш,
Аз бобати ман бо ту ягон гап назад, эй рӯд?
Хоҳам, ки туро боз чу дар фасли ҷавонӣ
Он гуна тару тозаю озода бубинам.
Худро ба ҳамон шӯхию мағрурию мастӣ
Пеши ту чунон ошиқи дилдода бубинам.
Хоҳам… Бале, он қадр бихоҳам, ки туро боз
Бинам ба ҳамон нашъаи эъҷози муҳаббат.
Оғоз кунам зиндагии шоириямро
Аз нав ба ҳамон лаззати оғози муҳаббат…
[1979]