Хонаат чунки дар лаби дарёст, – Лоик Шерали

Хонаат чунки дар лаби дарёст,
Ҳар саҳар бинӣ рӯи дарёро.
Хонӣ аз хатти печ-печи мавҷ
Номаи орзуи дарёро.

Ҳар саҳар рӯй шӯӣ дар дарё,
Нӯки мӯят дар об ҳалқа занад.
Мавҷи бетоб баҳри побӯсат
Бо ҳазор изтироб ҳалқа занад.

Бинӣ ҳар субҳ: гӯиё дарё
Чун ту дорад шитоб ҷониби кор.
Кори ту якнавохту якранг,
Кори дарёст лек нотакрор…

Мезанад мавҷу меравад дарё,
Аз дари хонаат шабу рӯзон.
Дили дарёст сарду гилбаста,
Дили ту пур зи оташи сӯзон.

Он чунон оташе, ки то боқист,
Ҳеҷ дарё наметавонад кушт.
Он чунон оташе, ки бо сад қасд
Балки дунё наметавонад кушт.

Баски ҳар лаҳзае ту мебинӣ
Латмаи мавҷу тоқати соҳил.
Баски медонӣ дар лаби дарё
Қадри дарёву қадри дарёдил…

Мезанад мавҷу меравад дарё,
Соҳили чап аз ӯву соҳили рост.
Мисли дарё яқин намемирад
Зиндагӣ кард ҳар кӣ бо дили рост.

Ишқ ҳам филмасал агар дарёст,
Мисли дарё варо ду соҳил нест.
Ташнаю бенасиб дар соҳил
Он бимонад, ки ошиқи дил нест.

Ошиқи дил тавонӣ он гаҳ буд,
Ки ба қадри маоли дил бирасӣ,
Чун табибе ба бистари бемор
Ба ҷавоби суоли дил бирасӣ…

Хоҳамат ишқ – ишқи дарёе,
Ки ба дарё ҷунун биёмӯзад.
Хоҳамат бахт – бахти яктое,
Ки дили зиндагӣ биафрӯзад.

Хона дорӣ чу дар лаби дарё,
Рӯзгорат ба сони дарё бод.
Эман аз ҳилаи инонгирон
Ишқи ту ҳаминони дарё бод!

[1988]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *