ТУРО ДИД ДИЛАМ… – Лоик Шерали

ТУРО ДИД ДИЛАМ…

Дили ман нест чу обе, ки ба ҳар ҷӯй давад,
Дили ман нест насиме, ки ба ҳар сӯй давад.
На чу овора ба ҳар ҷо ба такопӯй давад,
Лек, чун ҳусни туро дид, бирафт аз паи ту.

Дили ман на чу ниҳолест, ки пайванд кунанд,
Кӯчаташ карда ба ҳар ҷову самарманд кунанд,
Ё ки беҳуда паи сӯхтан аз ҷой кананд.
Дили ман меҳрпараст аст, садоқат дорад.

Дил, ки ҷӯшид зи ишқу талаби васл намуд,
Зи ман осудагиву хоби ҷавонӣ бирабуд.
Боз субҳ омаду чашмони хуморӣ бикушуд,
Дар сари субҳи сафобахш туро дид дилам…

Баъд бо номи ту чун рӯзи муҳаббат сар шуд,
Раҳи сарбаста зи ту шоҳраҳи дигар шуд,
Ишқ бо ёди рухат ҳамқадами кишвар шуд,
Дилам аз марҳаматат шаҳпари шаҳбоз гирифт.

Гар ки ман ҷумла санамхонаи олам кобам,
Натавонам ки дигар мисли ту дилбар ёбам.
Ханда кун, ёр, ки аз васли ту ман шодобам.
Хандае нест ба монанди шакархандаи ту.

1961

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *