Дилгазон аз муҳити заҳролуд –
Чордевори хонаи лоӣ,
Даргурез аз қаламкаши тақдир,
Аз фишори русуми бобоӣ;
Ташнаи бахту ишқу озодӣ,
Толиби рӯзгори нуронӣ,
Ошиқи зиндагии табъи дил,
Ошиқи нашъаҳои рӯҳонӣ
Духтаре субҳдам барошуфта
Тунду хашмӣ ба Чорсӯ биштофт
Омаду чор сӯ назар афканд,
Чодар аз рӯи хештан партофт.
Гӯӣ аз осмон фуруд омад
Ба сари раҳ ситораи саҳарӣ.
Чорсӯ шуд зи шуълааш равшан –
Шуълаи ҳусн, шуълаи азалӣ.
Чодарашро фиканду оташ зад,
Шафақи субҳ буд оташи ӯ.
Шафақи субҳу гулхани чодар
Тофт дар рӯйҳои маҳваши ӯ…
Баъд аз ин номи ӯ шуд овоза
Ба тиҳимағзию ба расвоӣ.
Ном бардошт байни мардуми шаҳр
Ба сабукроиву сабукпоӣ.
Субҳи дигар ба Чорсӯ месӯхт
Пайкари ӯ ба ҷои чодари ӯ.
З-оташи ҷаҳли беамони падар,
З-оташи нангу ори додари ӯ.
Пайкари ӯ ба Чорсӯ месӯхт
З-оташи бехудию бехабарӣ.
Гӯӣ месӯхт дар миёнаи раҳ
Уфтода ситораи саҳарӣ…
[1975]