Аз ҷавонию орзуи ман.
Гӯӣ бо як назора мехондӣ
Қисматамро зи чашму рӯи ман.
Дар навои басӯзу ғамгинат
Дардҳои ҷавонии ман буд.
Дар садои маҳину ширинат
Талхии зиндагонии ман буд.
Ман туро аз ҳаёт меҷустам,
Аз ҳама роҳҳои дунёӣ.
То бо овози дардноки худ
Зиндагии маро биороӣ.
Тирамоҳ асту барг мерезад,
Пушти саҳна ҳама хазонрез аст.
Аз мани дилшуда чӣ парҳезӣ,
Зиндагонӣ на ҷои парҳез аст.
Ошиқӣ ҳам чу саҳнаи санъат
Гоҳ бозист, гаҳ фиғону дод.
Он яке ошиқ аст дар нақше,
Дигаре ошиқ аст модарзод.
Ошиқӣ ҳам чу дарди меросӣ
Монда мерос аз ниёгон аст,
Шоирон ҷумла мурдаанд аз ишқ,
Банда аз пайравони эшон аст.
Бо суруду тарона ворид шав
Бар дили ман, ба рӯзгори ман!
Зуд о, зуд, зиндагӣ сипарист,
Тирамоҳ аст, эй баҳори ман!
[1970]