Ҳамчунон к-аз каронаи шаҳре
Раҳгузар бошию гузар созӣ,
Бетаваққуф зи шишаи мошин
Сӯи ҳар манзараш назар созӣ;
Ё чунон ки ба манзили дуре
Сафарӣ бошию шитоб кунӣ,
Бигзарӣ аз миёни шаҳри азим,
Ҳаваси соғаре шароб кунӣ;
Лек н-оӣ фуруд аз мошин,
Аз ягон аҳли он нишон набарӣ,
Дар тарабхонае даме беғам
Бо ягон ринди он ту май нах(в)арӣ –
Ҳамчунон ту зи рӯзгори ман
Рафтӣ беёдгору беистод.
Нанишастӣ ба базми синаи ман,
Назадӣ бо дилам даме фарёд.
Назадӣ мушт бар дари розам,
Нашудӣ меҳмони хонаи дил.
Гарчи асри фасона бигзаштаст,
Ҳар киро ҳаст як фасонаи дил…
Он қадар буд орзуи ман,
Ки ту андар дилам қарор кунӣ.
Бо ту бофам фасонаи тоза,
Қисматамро пур аз баҳор кунӣ.
Лек, афсӯс, аз каронаи дил
Бо шитобу итоб бигзаштӣ.
Гӯӣ аз байни шаҳр шабҳангом
Чашмҳо гарми хоб бигзаштӣ.
Роҳи ту дур то макони бахт,
Роҳи ту аз дили дигар гузарад.
Гарчи нагзаштӣ аз раҳи дили ман,
Сафарат кош бехатар гузарад…
[1973]