Ошиқам то он ки барнову пок.
Ошиқам то ҳастӣ дар рӯи замин,
Ошиқам то банда берунам зи хок.
Ошиқам бар чашмҳои содаат,
Чашми ту гӯё ки чашми зиндагист.
Гар ту бо ман сахт гирӣ соате.
Рӯзгорам пур зи хашми зиндагист.
Ошиқам бар рӯи чун субҳи баҳор,
Ошиқам бар хандаҳои равшанат.
Гарданам гӯё ба гардун мерасад,
Чун бибӯсам аз баёзи гарданат.
Ин баҳорам бо ту сар шуд аз насиб,
Ин баҳорам бо ту пургул бигзарад.
Бигзарад, аммо ба ёди рӯи гул
Ишқи ман чун умри булбул бигзарад.
Ин баҳори ман баҳори ишқи туст,
Ин баҳори сарфарозии дил аст.
Мавсими бозии ман бигзашт агар,
Ин баҳори ишқбозии дил аст.
То тавонӣ бо дили ман бозӣ кун,
Гул бичин, дар банди кокул гул бизан.
Шӯхӣ-шӯхӣ гир андар рӯи каф,
Розӣ кун ӯро ба бозӣ, ҷони ман.
Эй гули наврустаи ишқу умед,
Ханда кун, ҳаргиз матарс аз нокасон.
Ин баҳорам бо ту сар шуд аз насиб,
Ин баҳорам бо ту монад бехазон…
[1988]