Ошиқон – шоирони бедевон, – Лоик Шерали

Ошиқон – шоирони бедевон,
Ошиқон – олимони беунвон
Ошиқон – ҳофизони беовоз,
Ошиқон – кӯдакони гулгардон –

Бигзаред аз миёни кӯчаи шаҳр
Ҳамқади ёр – даст бар гардан.
Шаҳр гардад зи ишқ моломол,
Ишқ борад зи кӯчаву барзан.

Ҷуфт-ҷуфт аз миёни раҳгузарон
Бо камоли ғурур мегузаред.
Чашму дил равшан аст аз дидор
Гӯӣ аз роҳи нур мегузаред.

Ҳамаи шаҳр ваъдагоҳи шумост –
Хоҳ гулгашту хоҳ майдонҳо.
Ҳамаи шаҳр бӯсагоҳи шумост
Ҳам лаби ёр, ҳам лаби дарё…

Ба шумо бингарам, биболад дил,
Ки ҳаёт ошёни ҳамроист.
Фалаки пир чун шумо гӯӣ
Навгирифтори ҳусни зебоист.

Як ҳамин бас, ки ошиқед алҳол,
Бо диле ҳамнавою ҳамрозед.
Як ҳамин бас, ки бар ҷамоли ҳаёт
Ошиқона нигоҳ месозед.

Як ҳамин дар замони мо кофист,
Ки шумо қадри ёр медонед.
Дар замони шитобҳои бузург
Нашъаи интизор медонед.

Ман чӣ гӯям дигар, ки беҳ аз ман
Дар раҳи ишқ ҷумла яктоед.
Ман чӣ гӯям дигар, ки беҳ аз ман
Дар фани ишқ ҷумла мавлоед –

Ошиқон – мурғакони белона,
Ошиқон – пайравони парвона,
Ошиқон – ташнагони соҳилҳо,
Ошиқон – кӯдакони афсона…

[1978]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *