Омад ӯ аз раҳи хаёли ман – – Лоик Шерали

Омад ӯ аз раҳи хаёли ман –
Аз гузаргоҳи орзуҳоям.
Шом омад, вале паём овард
Аз саҳаргоҳи орзуҳоям.

Омад аз дури дур, пиндорӣ
Аз диёри фасонаҳои қадим.
Ошно бо ниёзи рӯҳи ман
Чун навои таронаҳои қадим.

Дар ҷабинаш сафои субҳи баҳор,
Дар садояш танини дарё дошт.
Дар нигоҳаш умеди ман тобон,
Дар лабаш бӯсаҳои фардо дошт.

Омад аз қуллаҳои меғолуд
Мурғи уммеди кӯчбастаи ман.
Омад ӯ, то шаванд ҳамболаш
Орзуҳои паршикастаи ман.

Омад ӯ аз баҳори дерина
Сари мижгон ғубори гул чида.
Омад аз он раҳе, ки як вақте
Дили ман гум шудасту ӯ дида…

[1984]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *