Бе ту бо борон бинолам.
Бе ту бе ашки намоён
Дар бари ёрон бинолам.
Навбаҳор омад, гули ман,
Шишаи яхҳо шикастанд.
Дар ҳарими гул ба саҳро
Ошиқон дастобадастанд.
Навбаҳор омад, гули ман,
Гул ба ту бахшиданӣ шуд.
Бо хаёли рӯи сабзат
Рӯи олам диданӣ шуд.
Навбаҳор омад, гули ман,
Дар лаби дарё нишинам.
Бо хаёли чашми дарёт
Хилвати дарё гузинам.
Боз бе ту мисли дарё
Байни ду соҳил бинолам,
Боз бе ту бар гузашта,
Бар худу бар дил бинолам…
[1988]